Амалиёти «Пиёдагард» ба анҷом расид, «Муоинаи техникӣ» идома дорад
БОХТАР, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар роҳҳои вилояти Хатлон амалиёти «Муоинаи техникӣ» идома дорад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъули бахши ташвиқоти Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов иттилоъ дод, амалиёти «Муоинаи техникӣ» аз 19 феврал то 1 марти соли равон гузаронида мешавад.
Мақсади ин амалиёт пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт мебошад. Дар доираи амалиёт ҳолати сари вақт пардохт кардани андоз аз тарафи ронандагон ва дигар намуди пардохтҳои ҳатмии андоз марбут ба нақлиёт санҷида мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ин дуюмин амалиётест, ки аз тарафи кормандони БДА-и вилояти Хатлон тайи моҳи феврал гузаронида мешавад. Пеш аз ин аз 10 то 20 феврал дар роҳҳои вилоят амалиёти «Пиёдагард» доир шуда буд.








Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид






