АМИТ «Ховар» барои журналистону ровиён озмун эълон мекунад

Февраль 12, 2018 16:19

ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти журналистони касбӣ барои сомона  ва ровиёну барандаҳои боистеъдод барои радио озмун эълон мекунад.

Дар озмун ҷавонписарону духтарони аз 23 то 40-сола, ки дорои маълумоти олӣ мебошанд, иштирок карда метавонанд.

Озмун ба тариқи суҳбат гузаронида мешавад.

Барои иштирок дар озмун доштани маълумоти олии касбӣ ва маҳорати кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ, донистани забони давлатӣ (барои хабарнигорони бахшҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва форсӣ)  ҳатмист.  Ба донандагони забонҳои хориҷӣ афзалият  дода мешавад.

Довталабон бояд ба Комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зерин: ариза, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо, шарҳи ҳол; 3 дона cурати 3х4; нусхаи  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086); нусхаи шиноснома; нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз  (РМА); маълумот аз ВКД барои изи ангуштонро пешниҳод намоянд.

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 40 ба  Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ирсол намоянд.

Телефон барои маълумот: 221-33-13

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо  аз  1 март то 15 апрели соли 2018.

 

Февраль 12, 2018 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд