Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба кӯдакони ниёзманди шаҳри Душанбе маводи хӯрокворӣ ва таҷҳизоти варзишӣ тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /ҶҲАТ/ ба кӯдакони ниёзманди шаҳри Душанбе кумак расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоотии ҶҲАТ хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, кумаки мазкур аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ ба «Мактаб-интернати ёрирасони №3», муассисаи таҳсилоти асосии №4 барои кӯдакони аз оилаҳои носолим ва бепарастор, муассисаи таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе расонида шудааст.
«Ин кумакҳо аз маводи озуқаворӣ, аз ҷумла, 1500 кг орд, 150 кг биринҷ, 150 кг шакар ва 150 литр равғани растанӣ, инчунин таҷҳизоти варзишӣ — 50 адад тӯб, 50 адад шоҳмот, 50 адад бадминтон, 50 адад нардӣ, 2 адад велосипед (тренажер), 50 адад тӯри волейбол, 50 адад ресмони варзишӣ (дартс) ва 20 адад эспандер иборат мебошанд», — гуфта мешавад дар хабари ҶҲАТ.
Ҳамчунин зикр карда мешавад, ки ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе низ барои мактаббачагон таҷҳизоти варзишӣ дастрас карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, кумакҳои мазкур тибқи дархости роҳбарияти хона-интернатҳои мазкур баррасӣ гардида, аз ҷониби Ҳилоли Аҳмар тавассути ихтиёриён ва кормандони он дастрас карда шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки дасти кумак дароз намудан ба шахсони ниёзманд, кӯдакони бепарастор, маъюб ва яккаву танҳо яке аз вазифаҳои асосии ҶҲАТ ба ҳисоб рафта, чунин иқдоми хайриявӣ тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста амалӣ карда мешавад.












Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






