Ҳамкории ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо терроризм Де Кершов дар дафтараш дар Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҷонибҳо ҳамкории ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ намуданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ба Ҳамоҳангсози ИА оид ба мубориза бо терроризм даъватномаи ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати ширкат дар Конфронси баландпояи байналмилалӣ “Мубориза бар зидди терроризм ва радикализм”, ки 3-4 маи 2018 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, супорид. Даъват бо камоли сипос пазируфта шуд.
Ҳамин гуна даъватномаҳо ба ниҳодҳои дигари воқеъ дар Брюссел – Комиссияи Аврупо, Парлумони Аврупо, Комиссариати корҳои дохилӣ ва амният ва ғайра низ дастрас гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






