Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз 1,5 ҳазор адад терминалҳои электронӣ харидорӣ шудаанд»

Февраль 9, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз  1,5 ҳазор адад терминалҳои электронӣ харидорӣ шудаанд, ки  онҳо   дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб   хоҳанд шуд. Ин нуктаро имрӯз раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

Ба иттилои раиси БМТ, миқдори кортҳои пардохти бонкӣ дар ин давра зиёда аз 1 млн. 694 ҳазор ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 4,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки соли сипаришуда БМТ сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи зарурии нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.

 

 

Февраль 9, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар