Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ вобаста ба хариди моли пастсифату нуқсондор шикояти сокинон ворид мегардад

Февраль 15, 2018 15:05

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаргардида ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба хариди моли пастсифату нуқсондор, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои хӯроки умумӣ, барқ, об, техникӣ, тиббӣ, иҷоравӣ,  нақлиёти мусофиркашонӣ ва маишӣ 149 адад муроҷиат- 55 адад аризаи шикоятии хаттӣ ва 94 адад муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ворид гардидаанд. Ин матлабро сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд.

Зимни нишаст зикр гардид, ки арзу муроҷиати истеъмолкунандагон дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи умумии беш аз 40 ҳазор сомонӣ молҳои пастсифату нуқсондор ба истеъмолкунандагон ҳисоббаробар ва ё бозпас гардонида шуданд.

Зикр карда шуд, ки аз ҳисоби пешниҳоди мавод барои баррасии минбаъдаи арзу муроҷиати истеъмолкунандагон ба мақомоти ваколатдори соҳавӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба маблағи умумии 5300 сомонӣ ҷаримабандӣ татбиқ карда шудааст.

Февраль 15, 2018 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд