БЕМОРИИ СИЛ ТАБОБАТШАВАНДА АСТ! Бо мақсади инъикоси беҳтари роҳҳои пешгирӣ ва наҷот аз бемории сил миёни рӯзноманигорони ВАО озмун эълон гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID дар Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемории сил бо мақсади беҳтар инъикос намудани роҳҳои пешгирӣ ва наҷот аз бемории сил таҳти унвони «Бемории сил табобатшаванда аст!» байни рӯзноманигорони ВАО озмун эълон мекунанд.
Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳи донишу маълумоти аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои калидии бемории сил ва мубориза бар зидди он, ташаккул додани таҳаммулпазирӣ, муносибати неку хайрхоҳона нисбат ба беморони сил ва тақвияти муколама дар ҷомеа оид ба масъалаҳои вобаста ба бемории сил мебошад.
Озмуни мазкур дар чаҳорчӯбаи «Нақшаи миллии стратегии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» гузаронида мешавад.
Ба озмун барномаҳои телевизионию радиоӣ, маводи дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва интернет нашршуда, ки ба масъалаҳои бемории сил дар Тоҷикистон бахшида шудаанд, бояд пешниҳод шаванд. Нусхаи асл ё рӯнавишти мавод бо нишон додани таърихи нашр, рўзу вақти пахш дар эфир, номи ВАО ва ному насаби муаллиф қабул карда мешавад.
Инчунин ба озмун маводе, ки аз 1 октябри соли 2017 то 31 марти соли 2018 нашр ва ё пахш шудаанд, қабул мешаванд. Ба маводи дар қолаби жанрҳои таҳлилӣ таҳиягардида афзалият дода мешавад.
Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон моҳи апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.








Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






