«БРАВО». Сирки Москва бо барномаи ҳунарии нав ба Тоҷикистон меояд

Февраль 28, 2018 09:51

ДУШАНБЕ, 28.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони санъати ҳунарии сирк расонида мешавад, ки аз 4 март то 1 апрели соли равон дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи сирки Москва бо номи «БРАВО» баргузор мегардад.

«Ҳунарпешагони москвагӣ ба мухлисони ин намуди санъат барномаҳои ҷолибу рангинро бо иштироки ҳайвонҳои гуногун, мисли паланг, тимсоҳ, морҳои ҳархела, саг, буз ва дигар намоишҳо манзур  менамоянд»,-зикр намуд зимни суҳбат масъули барномаи ҳунарии Сирки Москва Виталий Ковалёв.

Ба иттилои Виталий Ковалёв, ҳунарнамоии дорбозҳо, гимнастҳо, чашмбандон, масхарабозон ва кордбозҳо низ ба ин барнома дохил мешавад.

Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ дар доираи намоиши мазкур 26 нафар ҳунармандони москвагӣ ба шаҳри Душанбе меоянд.

 

 

Февраль 28, 2018 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд