Чаро 81 нафар донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе аз донишгоҳ хориҷ карда шуданд?

Февраль 9, 2018 14:14

ДУШАНБЕ, 09.2.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон 81 нафар донишҷӯёни  филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз филиали ДДМ хориҷ карда шуданд.

Директори  иҷроияи  филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Сайъало Мирзоев имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба ин масъала иброз дошт, ки бештари  хориҷшудагонро донишҷӯёни  курси якум ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи номбурда, «сабаби хориҷ гардидани ин донишҷӯён ба барномаи таълимӣ ҷавобгӯ набудани дониши онҳо буд. Зеро омӯзгорони баландихтисосу сахтгир аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон омада, ба донишҷӯёни филиали ДДМ  дарс мегӯянд. Дар ҳолати ба дарс омода набудани донишҷӯ омӯзгорон ба онҳо баҳои ғайриқаноатбахш мегузоранд, ки ин сабаби аз филиали донишгох хориҷ шудани донишҷӯ мегардад».

Дар асоси имтиҳоноти иловагӣ, ки аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони ДДМ ба номи М.В. Ломоносов ва озмуни марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2017-2018 гузаронида шуд, ба филиали ДДМ 129 нафар донишҷӯён қабул гардиданд. Аз онҳо 94 нафар дар асоси буҷавӣ ва 53 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Айни замон шумораи донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе 497 нафарро ташкил медиҳад, ки 70 фоиз тариқи буҷавӣ ва 30 фоиз ба таври шартномавӣ таҳсил доранд.

Февраль 9, 2018 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар