«ЧОЙХОНАИ ЛАБИ ҶАР». Темур Зулфиқоров дар Душанбе китоби нави худро муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 23.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 24 феврал, соати 16:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шаби эҷодии Т. Зулфиқоров ва маросими муаррифии китоби нави ӯ «Чойхонаи лаби ҷар» барпо мегардад.
«Чойхонаи лаби ҷар» аз қиссаву ривояту андарзҳо ва афсонаҳо барои калонсолон, ки жанрҳои писандидаи муаллифанд, иборат аст. Осори Темур Зулфиқоров, ки чанде пеш бо Мукофоти адабии умумироссиягии ба номи И. Бунин сарфароз гардида буд, бо сабку услуби хос ва шабеҳи насри мусаҷҷаъ (қофиядор) фарқ мекунад.
Тарҷумаи китоби тозанашр ба қалами адиби шодравон Муҳаммадзамон Солеҳ, нависандагон Юнус Юсуфӣ, Ҳикмат Неъмат ва нависандаю драманависи шинохта Нур Табар мансуб аст. Зимнан, се сол муқаддам китоби дигари Темур Зулфиқоров «Афъимори марҷонӣ» — ро ҳам Нур Табар ба тоҷикӣ гардонда буд.
Ба китоби нави Темур Зулфиқоров шоира Гулрухсор пешгуфтор навиштааст.
Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфта, баъдан дар Донишкадаи адабии ба номи М. Горкий дар шаҳри Москва таҳсил намудааст. Модараш- профессор Людмила Владимировна Успенская, забоншинос ва педагоги маъруф, муаллифи китобҳои дарсӣ аз фанни забони русӣ барои синфҳои тоҷикӣ, падараш- рӯзноманигор ва хизматчии давлатӣ Қосим Зулфиқоров мебошад, ки соли 1937 бар асари тӯҳмат ҳалок гардид.
Асарҳои Темур Зулфиқоров ба дувоздаҳ забони дунё тарҷума ва аз рӯи онҳо филмҳои зиёд ба навор гирифта шудаанд.
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»









Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






