Cумангул Тағойзода бо Прадип Сривастав мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2018. /АМИТ Ховар/. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Cумангул Тағойзода бо роҳбари Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Прадип Сривастав мулоқот намуд.
Тавре аз Маркази матбуоти ин вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шуғли аҳолӣ ва таълими калонсолонро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш» бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардад, ки дар доираи он синфхонаҳо, кабинетҳои махсусгардонидашудаи таълимӣ, устохонаҳо ва биноҳои хобгоҳи хонандагони 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомўзӣ ва соҳибкорӣ таъмиру тармим шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ, ашёву аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз мешаванд.
Инчунин, барои 17 ихтисосҳои интихобгардида стандартҳои салоҳияти касбӣ таҳия мегардад, ки дар асоси он барномаҳои таълимӣ ва асбобҳои нави баҳодиҳӣ омода мешаванд.
Дар ҷараёни мулоқот Прадип Сривастав аз рафти амалишавии лоиҳаи мазкур қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати дастгирӣ намудани соҳаи низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






