Дар ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ лоиҳаи низоми пардохти электронии роҳкиро баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи нуҳуми Шӯро оид ба шарики давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласа лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» муҳокима гардид. Зикр шуд, ки бартариятҳои низоми нав баръало муайян буда, татбиқи саривақтии он имконият фароҳам меорад, ки ба аҳолии пойтахти мамлакат ва меҳмонони он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе хизматрасонии муосир пешниҳод гардад.
Мавриди зикр аст, ки механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои муосири ҷалби сармоя ба ҳисоб рафта, давлат метавонад барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар амалишавии лоиҳаҳои самти хизматрасонии иҷтимоӣ ва инфрасохтор тибқи Созишнома дар доираи талаботи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахшихусусӣ» шарикони хусусиро ҷалб намояд.
Айни замон ба воситаи ин механизм тибқи қарорҳои Шӯро се лоиҳа- яке лоиҳаи «Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133-и пойтахт дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ, дигаре- лоиҳаи «Сохтмони хати интиқоли барқ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар самти энергетика ва инчунин лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ» дар соҳаи тандурустӣ амалӣ шуда истодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






