Дар Бонки миллӣ имкониятҳои рушд ва низоми молиявӣ-бонкии Тоҷикистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Идоракунии корпоративӣ дар низоми молиявӣ-бонкии Тоҷикистон: муаммоҳо ва имкониятҳои рушд» конфронси амалӣ гузаронида шуд. Дар ин бора аз Бонки миллӣ хабар доданд.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) баргузор гардида, дар он намояндагони ширкатҳои «Имкон консалтинг» ва «Legal Consulting Group», раисони раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки ҳадафи конфронси амалӣ-баланд бардоштани фаъолияти самараноки Шӯрои нозирон дар бонкҳо ва ҳамкории зичи Шӯрои нозирон ва Раёсати бонкҳо дар фаъолияти ташкилотҳо буда, баргузории чорабинии мазкур метавонад дар идораи самарабахши корпоративии низоми бонкии ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
Инчунин зикр карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар самти тақвияти институтсионалии қоидаву меъёрҳои идоракунии корпоративӣ ва такмили санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Дар ояндаи наздик ба қонунгузориҳои бонкӣ, аз ҷумла, дар бахши зиёд намудани уҳдадориҳо ва масъулияти тамоми мақомоти идоракунӣ, низоми назорати дохилӣ ва аудит тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.
Дар конфронси амалӣ дар доираи барномаи корӣ мутахассисони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, ширкати «Имкон консалтинг» ва ширкати «Legal Consulting Group» барои иштирокдорон вобаста ба нақши директорони мустақил дар фаъолияти самараноки Шӯрои нозирон, аҳамияти Кумитаи Шӯрои нозирон, вазифаю мавқеи котиби корпоративӣ ва имконияти рушди вазифаи зерин дар ташкилотҳои қарзӣ маърӯза намуданд.
Конфронси мазкур дар доираи ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи Барномаи идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария (SECO) ва Британия Кабир (DFID) баргузор гардид.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






