Дар Хатлон озмуни номи «Соҳибкорзани муваффақи соли 2018» эълон гардид
БОХТАР, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон озмуни «Соҳибкорзани муваффақи соли 2018» эълон гардидааст. Тавре сармутахассиси шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Баҳром Миров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби занону духтарони хонанишин ба шуғлҳои муфиди ҷамъиятӣ, ба соҳибкорӣ ҷалб намудани занону духтарон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар байни бонувон гузаронида мешавад.
Даври аввали озмун аз 11 сентябр то 11 октябри соли 2018 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм аз 12 октябр то 12 ноябри соли 2018 барои муайян кардани беҳтарин соҳибкорзан дар шаҳру ноҳияҳо ва даври сеюми ҷамъбастии озмуни «Соҳибкорзани муваффақи соли 2018» моҳи декабри соли 2018 дар маркази вилоят-шаҳри Бохтар барпо мегарданд.
“14 феврали соли 2018 дар асоси ҷамъбасти озмун шаш нафар соҳибкорзанони муваффақи соли 2017 муайян карда шуда, бо ифтихорнома ва мукофотҳои раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд”,-зикр кард Баҳром Миров.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






