Дар Хоруғ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд

Февраль 7, 2018 14:15

ХОРУҒ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи варзишии қисми низомии 011-23, мутааллиқ ба Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа аз намудҳои волейбол, футбол, дастхобонӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук шурӯъ шуд. Муовини комиссари ҳарбии вилоят Шоҳзода Шоҳқосим гуфт, ки ҳамасола мутобиқи нақша, аз аввали моҳи феврал дар ҳамаи қисмҳои низомӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд. Ин мусобиқаи кушод аст ва дар он кормандони раёсатҳои вазорати корҳои дохилӣ, гумрук, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти оташнишонӣ ширкат мекунанд.

Мақсад аз баргузории мусобиқаҳо машқи бадан, баланд бардоштани малакаву маҳорати варзишӣ ва дӯстию ҳамкорӣ миёни кормандони сохторҳои низомию қудратӣ мебошад.

Соли гузашта дастаи шуъбаи  Хадамоти оташнишонии шаҳри Хоруғ дар сабқат хеле фаъолона ширкат намуда, дар аксари намудҳо пирӯз гардид.  Сардори шуъбаи мазкур Кишвар Аҳмадбеков изҳор дошт, ки  “барои ҳар як корманди Хадамоти оташнишонӣ тарбияи ҳаррӯзаи бадан хеле муҳим аст. Онҳо ба ҳар як ҳодисаи сӯхтор- хоҳ шаб бошад, хоҳ рӯз, бояд омода бошанд. Барои обу тоби бадан дар шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ ҳамаи шароит муҳайёст. Як гурӯҳи дигар дар толорҳои варзишии шаҳр тамрин мекунанд. Аз ин рӯ дар бисёр мусобиқаҳои шаҳрию вилоятӣ кормандони мо ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд”.

Комиссари ҳарбии вилоят Шоҳзода Шоҳқосимов гуфт, ки ин сабқат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Артиши миллӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

Февраль 7, 2018 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд