Дар маросими дафн дар ноҳияи Ванҷ бар асари муноқишаи оилавӣ ба се нафар зарари ҷисмонӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 9.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Марди 41-солаи сокини деҳаи Ускероғи ноҳияи Ванҷ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, номбурда ҳангоми маросими дафни бародараш, марди 63-солаи сокини ноҳияи Ванҷ, бинобар муноқишаи оилавӣ бо писарони амакаш, мардони 28 ва 25-сола ва апааш- зани 54-сола ҷанҷол карда, сипас бо корд ба бадани онҳо якчанд маротиба задааст.
Дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






