Дар Москва 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Февраль 22, 2018 17:38

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва хабар доданд.

Дар ҷамъомад вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони вазоратҳо ва идораҳои Федератсияи Россия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, атташеҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ ва дигар намояндаҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими Москва, инчунин ВАО-и Тоҷикистон ва Россия ширкат варзиданд.

Дар сухани ифтитоҳии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов зикр  намуд, ки ҳар сол 23 феврал- санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон чун  рӯзи ҳомиёни содиқи Ватан бо самимият ва шукӯҳи хосса таҷлил мегардад.

Зимни суханронӣ Сафир нақши тақдирсоз ва таърихан муҳими Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъсис ва таҳкими минбаъдаи Артиши миллӣ махсусан таъкид намуд. Ҳамзамон ишора шуд, ки «бо шарофати хирадмандӣ ва дурандешии Пешвои миллат, имрӯз ҳамаи шароит барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фароҳам оварда шудааст, то хизматчиёни ҳарбӣ тавонанд бо интизоми қавии худ, донишу малакаи сатҳи баланд, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри ҳимояи далеронаи Ватан ва саъю кӯшишҳо ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва созандаи  мардуми тоҷик хидмат намоянд».

Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо низоми қавии худ мояи ифтихори халқ ва ҳомии боэътимоди Ватан мебошанд.

Зимни ҷамъомад дар бинои Сафорат намоишгоҳи аксҳо ташкил ва манзури меҳмонон гардонида шуд, ки он ҳозиринро бо таърих ва дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият шинос намуд.

 

Февраль 22, 2018 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар