Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз ба шаҳри Хуҷанд беш аз 70 ҳазор лолаҳои гуногунранг зеби тоза мебахшанд
ХУҶАНД, 07.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чанд рӯз боз дар кӯчаву хиёбонҳои маркази вилоят ба шинонидани беш аз 70 ҳазор тухми гули лола оғоз намудаанд. Интизор меравад, ки тухмии лолаҳо пас аз шукуфтан дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи имсола ба ҳусн ва симо шаҳр таровату зебои тоза мебахшанд. Ҳамчунин дар доираи мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ моҳи январи соли равон дар маркази шаҳр 150 бех дарахтони ороишию сояафкан, аз қабили ардач, санавбар ва ғайра шинонида шуданд.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», ҳоло дар гармхонаи Муассисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии КВДК «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ»-и шаҳр қариб 200 ҳазор тухмии гулҳои ороишӣ шинонида шуда, ба шукуфтан сар кардаанд. Дар гармхонаи мазкур беш аз 10 номгӯй гулҳои ороишӣ, аз қабили петуния, катарантус, салвия, марҷонгул парвариш карда шуда, ин гулҳои мавсимӣ тибқи маълумоти мутахассисон, баъд аз шинонидан вобаста ба ҳавои мусоид давоми ду моҳ бояд шукуфанд.
Тибқи иттилои манбаъ, имсол дар маркази вилоят марҳила ба марҳила шинонидани беш аз 1 миллион дона гулҳои ороишии мавсимӣ дар назар аст.










Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






