Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25- солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ барномаи сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид

Февраль 22, 2018 16:46

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба  25-солагии таъсиси  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон   барномаи сиёсӣ-фарҳангӣ   баргузор гардид. Дар  маъракаи идона афсарону сарбозони   қисмҳои низомии 07006 ва 07003 –и  ҳудуди  шаҳри Душанбе   ва  намояндагони  зиёди ВАО  иштирок намуданд.

Иштирокдорони барнома аввал дар  қисми низомии 07006  бо дастовардҳои  ин даргоҳ  дар давоми 25 соли фаъолият шинос гардида, дар саҳни бинои он намоиши ҳунарҳои мардумиро, ки аз ҷониби  ҳунармандони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Сино пешкаш гардида буд,  тамошо карданд. Шеъру сурудхонӣ  ва ҳунари рассомии худро пешниҳоди  иштирокдорон намудани  таълимгирандагони  Мактаб- интернати №1  ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид.

Барномаи идонаро  баргузории мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои бандкашӣ, дастхобонӣ, вазнбардорӣ, турниккашӣ ва иҷрои меъёр аз тайёрии оташфишонӣ (ба қисмҳои асосӣ ҷудо ва васл намудани яроқ) идома дода,  дар анҷоми он ғолибон  бо  туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ шуданд.

Сипас  иштирокчиён ва меҳмонони барномаи идона  аз иншооти буду бош, маишӣ ва китобхонаи қисми низомии 07003 дидан намуданд.

Сипас  як гурӯҳ афсарону сарбозони қисми низомӣ барои саҳми арзанда дар корҳои ҳарбию ватандӯстӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва 25- солагии таъсиси  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Февраль 22, 2018 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд