Дар Суғд мусобиқоти ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» ҷамъбаст гардиданд
ХУҶАНД, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо комиссариати ҳарбии вилоятӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи гражданӣ аз 3 то 20 феврал дар варзишгоҳҳои маркази вилоят ва шаҳри Бӯстон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» баргузор гардид.
Дар спартакиадаи ХХ1 варзишӣ 16 дастаи ҷузъу томҳои гарнизони Суғд иштирок намуда, сарбозону афсарони дастаҳо барои дарёфти Ҷоми мусобиқаи вилоятӣ байни ҳам аз рӯи 10 намуди варзиш, аз ҷумла, кашидани банд, давидан ба масофаи 100 метр дар ҳайати даставӣ ва инфиродӣ, турниккашӣ, волейбол, футболи хурд, муҳорибаи тан ба тан, тирпарронӣ, вазнбардорӣ ва гузаштан аз монеаҳо сабқат намуданд
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз комиссариати ҳарбии вилояти Суғд иттилоъ доданд, 21 феврал дар толори комиссариати ҳарбии Суғд мусобиқоти мазкур натиҷагирӣ ва ҷамъбаст гардиданд. Аз рӯи ҷамъбаст ҷои аввал насиби афсарону сарбозони қисми низомии қӯшунҳои сарҳадӣ, ҷои дуюму сеюм насиби сарбозон — варзишгарони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва Горди миллӣ гардид.
Ба иттилои масъулин, ҳадафи мусобиқаҳои варзишӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани малакаю маҳорати ҷангию тактикӣ ва омодабошии ҳарбии сарбозону афсарон, содиқ будан ба Модар — Ватан ва ҳамзамон мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни сарбозони қисмҳои низомии гарнизон ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






