Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳо аз рӯи 5 ихтисос тибқи низоми фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 1.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таъсис ёфта, донишҷӯён аз рӯи 5 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Маҳмадулло Раҷабзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Мавсуф зикр намуд, ки дар ин раванди таҳсил усулҳои робитаи зич байни омӯзгор ва донишҷӯ амалӣ шуда, робита аз рӯи ангораи таҳсили рӯзона иҷро мегардад. Ҳангоми таҳсили фосилавӣ таълимгоҳҳо метавонанд аз шаклҳои гуногун, монанди барномаҳои компютерии махсус интихобшуда ва ба донишҷӯ мувофиқ, конфронс — робита, почтаи электронӣ, онлайн-мессенҷерҳо ва ғайраҳо истифода намоянд.
Маҳмадулло Раҷабзода ҳамчунин изҳор намуд, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ ва соли 2017 бо 6 давлат созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
«Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбӣ 51 нафар донишҷӯёни Донишкада ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия сафарбар гардидаанд»,-иброз дошт Маҳмадулло Раҷабзода.
Ректори Донишкада зикр кард, ки қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба донишкада тибқи низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳоло зиёда аз сад нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишкада таҳсили илм доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






