Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ихтисосҳои нав ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар донишкада таҳти унвони «Рушди сайёҳии байналмилалӣ» ихтисоси нав ҷорӣ намояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мавсуф зикр кард, ки дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи 37 ихтисос, ки самташон ба бахши иқтисод ва молия нигаронида шудаанд, барои бозори меҳнат мутахассисон омода гардонида мешаванд.
Ҳоло дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 7 ҳазор донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуда, 1654 нафар тариқи буҷавӣ, 5281 нафар тариқи шартномавӣ ва 28 нафар донишҷӯ тавассути квотаи президентӣ таҳсил менамоянд.








Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид






