Донишманди тоҷик, муаллифи асари «Ин аст Ҳиндустон» сазовори ҷоизаи «Падма Шри» гардид

Февраль 26, 2018 15:52

ДУШАНБЕ, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Профессори кафедраи филологияи ҳинди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии  Ҳиндустон бо ҷоизаи «Падма Шри» («Ордени нилуфар»)  сарфароз гардонида шуд. Донишманди тоҷик барои дастовардҳои назаррас, саҳми бузург ва хизматҳои шоёнаш   дар ташаккули ҳамкории илмию фарҳангии  Тоҷикистону Ҳи ндустон  дар бахши «Адабиёт ва маориф» бо Ордени  «Падма  Шри» мукофотонида шуд.

Ҷоизаи  «Падма Шри», ки соли 1954 таъсис дода шудааст,  яке аз чор  мукофоти  давлатии шаҳрвандии Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад, ки  ҳамасола ба шахсиятҳои намоёни соҳаҳои илму санъат, иҷтимоӣ, тиб, адабиёт, маориф, тиҷорату саноат  ва варзиш  супорида мешавад.

Ҳабибулло Раҷабов дар миқёси  давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин нафарест, ки соҳиби ҷоизаи «Падма Шри» гардид. Ҳ. Раҷабов  дастпарвари шуъбаи забонҳои ҳиндӣ ва урдуи  факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии  Санкт-Петербург мебошад. Мавсуф зарфи 22 сол ба ҳайси мудири кафедраи филологияи Ҳинду Покистони факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда,  садҳо нафар мутахассисони бахши забонҳои ҳиндиро ба камол расонидааст. Донишманди тоҷик  дар зарфи 50 соли  фаъолияти илмӣ муаллифи 15 китоб ва беш аз 200 мақолаи илмӣ буда, чандин  асарҳои нависандагони машҳури Ҳиндро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда,  дар ташаккули робитаҳои  илмии Тоҷикистону Ҳиндустон саҳми  босазо гузоштааст. «Ин аст Ҳиндустон», «Таърихи  адабиёти Ҳиндустон дар давраи нав» аз китобҳои зарфи солҳои  охир навиштаи профессоранд.

Донишманди тоҷик дар радифи 30 ҳиндушиноси шинохтаи ҷаҳон қарор дошта, алҳол  дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси  мудири  шуъбаи мамлакатҳои  Осиёи Ҷануб ва Шарқи Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо фаъолият менамояд. Инчунин раисии Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро ба уҳда дорад.

Профессори тоҷик дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» гуфт, ки  Ҷоизаи давлатии Ҳукумати Ҳиндустон «Падма Шри»-ро ба ӯ дар Душанбе Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатх Гош тақдим намуд.

 

 

Февраль 26, 2018 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд