Эълони озмун бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва хотираи муаллифи «Тоҷикон»
ДУШАНБЕ, 9.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров якҷоя бо нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзномаи «Ҷумҳурият» озмун эълон менамояд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.
Ба иттилои манбаъ, асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳарфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки озмуни мазкур аз 1 феврал то 1 июн идома ёфта, дар арафаи 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад. Ба ғолибони озмун мутаносибан 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 1500 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.








Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






