Фаррух Ҳамрализода: «Дар Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии 13 лоиҳаи сармоягузорӣ бо шарикони рушд 18 созишномаи нав ба имзо расид»
ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ҷиҳати амалисозии 13 лоиҳаи сармоягузорӣ бо шарикони рушд 18 созишномаи нав ба маблағи умумии беш аз 608 миллион доллар ба имзо расонида шуд, ки ин назар ба соли 2016 362 миллион доллар зиёд мебошад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода 13 феврал дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон, ки аз фаъолитяти ин ниҳод дар соли 2017 натиҷагирӣ кард, гуфт, ки аз маблағи умумии созишномаҳои баимзорасида наздик ба 475 миллион долларро маблағҳои қарзӣ ва қариб 134 миллион долларро воситаҳои грантӣ ташкил медиҳанд.
Таъкид шуд, ки дар доираи созишномаҳои нав барои дастгирии буҷети давлатӣ 50 миллион доллар, соҳаи энергетика беш аз 385 миллион доллар, нақлиёт 75 миллион доллар, ҳолатҳои фавқулода 50 миллион доллар, маориф беш аз 36 миллион доллар ва хоҷагии манзилию коммуналӣ зиёда аз 11 миллион доллар кумаки берунӣ равона карда мешаванд.
Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар мамлакат то 1 январи соли 2018 аз 68 адад лоиҳа, аз ҷумла, 25 лоиҳаи грантӣ, 14 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант иборат мебошад, ки маблағи умумии он 24,9 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Зикр шуд, ки азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда соли гузашта дар маҷмӯъ 2,59 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳамзамон дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 360 корхонаю ташкилот бо сармоягузориҳои хориҷӣ фаъолият намуданд.
Инчунин бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузориву соҳибкории Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Амрико, Чехия, Туркия, Британияи Кабир, Австрия, Финляндия, Ҳиндустон, Арманистон, Амрико, Ӯзбекистон, Қатар, Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб ва намоиши молҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор гардиданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






