Истеҳсол ва бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд.
Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» муаррифӣ карда шуд.
Низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад.
Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» тамоми таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин корхонаи муштарак ҳамзамон бо шароиту имконияти автобусҳои нави бандубастшуда шинос шуда, амалӣ кардани иқдоми мазкурро дар пешрафт ва баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонии шаҳри Душанбе муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади навсозии парки техникии шаҳри Душанбе барои харидории 100 автобуси тамғаи “AKIA” бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркӣ, ки таҳти бренди «AKIA» фаъолият дорад, шартнома ба имзо расонида шудааст.
Дар асоси нақшаи амалкунанда, аз ҷумла, ҷиҳати интиқоли автобусҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо идома дошта, айни замон 13 автобус ворид гардид ва то имрӯз бандубасти 10 адади он ба итмом расидааст.
Инчунин тибқи муқаррароти шартнома, интиқоли автобусҳо бо шумораи муайян амалӣ карда мешавад ва худи ҳамин рӯз дар марҳилаи дуюм боз 15 автобус аз Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.
Шумораи коргарони корхонаи бандубаст дар айни замон 40 нафарро ташкил менамоянд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.
Дар баробари ин, барои омӯзиш ва сайқал додани савияи дониш ва малакаи мутахассисони маҳаллӣ дар бандубасти қисмҳои алоҳидаи автобусҳо курсҳои омӯзишӣ амал мекунанд, ки аз ҷониби Ширкати туркӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Дар оянда масъулони Корхонаи муштарак нақша доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли 5 намуд автобусҳои дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро бо дарназардошти мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд. Барои амалӣ намудани ин иқдом худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.
Тибқи иттилои масъулон, баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Корхонаи мазкур дар муҳлати 1 сол сохта мешавад.
Таъкид гардид, ки қисмҳои асосии автобусҳои бандубаст ва истеҳсолшаванда тавлиди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, муҳаррики он истеҳсоли Ширкати “Мерседес Бенз” мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад.
Таъсис ёфтани Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO” имкон медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷиҳати ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои фароҳам овардани шароити зисту зиндагонии шоистаи сокинони пойтахт, ҳамчунин пешниҳод намудани хизматрасониҳои босифат дар соли 2017 аз Туркия 64 автобуси тамғаи “Исузу” ворид карда шуда буд.
Соли равон дар асоси шартнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркии «AKIA» марҳила ба марҳила ворид гардидани боз 100 автобуси дигар барои бандубаст, дар пешрафти соҳаи мусофиркашонии пойтахт заминаи воқеӣ хоҳад гузошт.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро ба истифода доданд






