«Истиқлол» ва «Добрый» шартномаи шарикӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи шаҳри Душанбе «Истиқлол» бо ширкати «Фаиза», ки паҳнкунандаи расмии тамғаи «Добрый сок» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, шартномаи шарикӣ ба имзо расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Шартномаи ҳамкориро 22 феврал менеҷери клуби футболи «Истиқлол» Шаҳзод Сулаймонов ва муовини директори генералии ширкати ҶДММ «Фаиза» Абдумалик Орифов ба имзо расониданд.
Ба гуфти Абдумалик Орифов, шартнома то охири сол баста шуда, имконияти тамдид то муҳлати дарозтарро пешбинӣ мекунад.
«Аз номи директори генералии ширкат барои имконияти ҳамкорӣ бо клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе изҳори миннатдорӣ менамоем. Бо сармоягузорӣ ба дастаи «Истиқлол» ва дар маҷмӯъ ба варзиш, мо ба рушди футбол дар Тоҷикистон саҳм хоҳем гузошт», — гуфт муовини директори генералии «Фаиза» Абдумалик Орифов.
Тамғаи молии «Добрый» аз соли 1998 дар бозори Тоҷикистон фаъол буда, ба он инчунин тамғаи бақайдгирифтаи «Мултон» ва брендҳои фишурдаҳои «Rich», «Моя семья» ва «Палпи» низ дохил мешаванд.
Менеҷери клуби «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе Шаҳзод Сулаймонов таъкид намуд, ки шартномаи сарпарастӣ барои як мавсим баста шудааст. Нишонаи тамғаи «Добрый» дар тамоми чорабиниҳои дастаи «Истиқлол», автобуси даста, сомонаи расмӣ ва инчунин либосҳои варзишии дастаи «Истиқлол» ҷой дода хоҳад шуд. «Мо умедворем шарики дарозмуддат ва босамар бошем», — гуфт Сулаймонов.
Дар анҷом Шаҳзод Сулаймонов ба муовини директори генералии ширкати «Фаиза» Абдумалик Орифов либоси варзиширо бо рақами 22 ва навиштаҷоти «Добрый» тақдим намуд. «Ин рақам далели 22 феврал ба имзо расидани шартномаи мазкур мебошад»,- таъкид кард Ш. Сулаймонов.













Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






