Комроншоҳи Устопириён дар Германия мақоми панҷумро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати байналмилалӣ оид ба дзюдо «Тоскулоҳи бузург», ки рӯзҳои 23-25 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Германия баргузор шуд, мақоми панҷумро соҳиб шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, Комроншоҳ дар рӯзи охирини мусобиқот – 25 феврал дар рақобатҳо дар вазни — 90 кило дар аввалин қувваозмоияш бар Юрий Мокану (Молдова) ғолиб омад. Баъдан Ҷеспер Сминки ҳолландӣ ва Дмитрий Довгани россиягиро мағлуб намуда, ба нимфинал баромад. Вале Устопириён дар даври нимфиналӣ аз қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейро Машу Бакер аз Япония шикаст хӯрд. Сипас Комроншоҳ қувваозмоиро барои ҷойи сеюм ба ғолиби Гран-прии Анталия дар соли 2017 Алтанбагана Гантулга (Муғулистон) бохт. Ҳамин тариқ, Комроншоҳи Устопириён мақоми панҷумро аз они худ кард.
Бояд зикр кард, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар дохил буд: Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров, Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов. Чаҳор гӯштингири тоҷик 24 феврал дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки дар ҳисоби умумидастаӣ миёни мардону занон дастаи мунтахаби Япония бо 7 медали тилло ва 2 нуқра ғолиб шуд. Дастаи мунтахаби Россия бо 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ мақоми дуюм ва дастаи мунтахаби Украина бо 1 медали тилло ва 1 нуқра мақоми сеюмро касб намуданд.
Тоҷикистон бо як мақоми панҷуми Комроншоҳи Устопириён дар байни 65 кишвар мақоми 30-юмро ишғол кард.








ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст






