Манфиати муоинаи тиббии ҷавонон пеш аз никоҳ ва баррасии он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Февраль 24, 2018 10:14

ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  оид ба тарғиби  тарзи ҳаёти солим  миёни ҷавондухтарон  ва ҷавонписарони синни никоҳӣ, инчунин манфиати муоинаи тиббии ҷавонон пеш аз никоҳ мулоқоти судманд  баргузор намуд.

Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои ногувори мубталошавии шаҳрвандон  ва махсусан ҷавонон ба бемории сироятии Вируси  норасоии масунияти  одам (ВНМО) ва   ҳифзи  муқаддасоти миллӣ  ибрози ақида карда шуд.

Дар мулоқот  намояндагони Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон иштирок доштанд.

Намояндаи ин Маркази миллӣ иброз дошт,  ки  имрӯз дар марказҳои солимии репродуктивӣ марказҳои машваратӣ  барои  ҷавонон фаъолият намуда,  ҷиҳати  пешгирии  бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, ВНМО/БПНМ байни  ҷавонон  корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ менамоянд.

Дар назар аст, ки чунин вохӯриҳо миёни донишҷӯёни дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ  низ   баргузор гарданд.

 

 

Февраль 24, 2018 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд