МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: бақайдгирии довталабон аз 1 март оғоз меёбад

Февраль 13, 2018 11:08

ДУШАНБЕ, 13.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур тасдиқ гардид. Дар ин  бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон вобаста ба шаҳру ноҳияҳо дар соли 2018 ва ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон таҳия гардидааст, барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 38 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 42 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 14 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд.

Ба иттилои масъулини Маркази миллии тестӣ, бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 1 марти соли равон оғоз мегардад.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида, он бо ҳузури довталаб, новобаста аз ҷойи истиқоматаш, дар ҳар кадом аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи ҷумҳурӣ сурат мегирад.

 

Февраль 13, 2018 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар