«МАВҚЕИ ОБ ДАР ТАБИАТ». Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» маҷмӯаи мақолаҳо ба нашр расид

Февраль 20, 2018 14:33

ДУШАНБЕ, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби нашриёти «Адиб» китоби доктори илми география, профессор Холназар Муҳаббатов бо унвони «Мавқеи об дар табиат» ба нашр расид. Тавре муаллиф ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар китоби тозанашр масъалаҳои марбут ба об мавриди пажӯҳишу таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Профессор Холназар Муҳаббатов дар маҷмӯаи мақолаҳои илмии худ оид ба мавзӯъҳои «Об – асоси рушди устувор», «Захираҳои муҳими обҳои сайёра», «Ташаккулёбӣ ва ҳифзи манбаъҳои оби Тоҷикистон»  андешаҳояшро баён намуда, онҳоро ҳамаҷониба таҳқиқ намудааст.

Тавре муаллиф изҳор намуд, дар аввали солшумории мелодӣ аҳолии кураи замин ҳамагӣ 230 миллион нафарро ташкил менамуд. Ҳоло ин нишондиҳанда қариб ба 7 миллиард нафар расидааст. Азбаски манбаъҳои об дар қораю мамлакатҳо нобаробар тақсим шудаанд, ин ҳол сабаби ба вуҷуд омадани як қатор мушкилиҳо гардидааст. Ин, пеш аз ҳама, ба хусусиятҳои сатҳи замин ва омилҳои иқлимӣ сахт вобастагӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки Холназар Муҳаббатов айни ҳол устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, соли 1999 рисолаи доктории худро дар Институти географияи Федератсияи Россия дар мавзӯи «Проблемаҳои географию иқтисодии кӯҳистони Тоҷикистон» ҳимоя намудааст.

Февраль 20, 2018 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд