Меҳринигори Рустам дар Озмуни баналмилалии таронаву оҳанги «Rising Star»-и Ҳиндустон ширкат намуд

Февраль 7, 2018 16:20

ДУШАНБЕ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Сарояндаи  ҷавону шинохтаи тоҷик Меҳринигори Рустам дар Ҷумҳурии Ҳиндустон бо таронаи машҳури «Хатуба” аз филми ҳиндии «Алибобо ва 40 роҳзан” ҳунарнамоӣ карда, ба даври сеюми озмуни таронаву оҳанги «Rising Star” роҳ ёфт. Ҳунарнамоии Меҳринигорро тавассути шабакаи телевизионии «Colors TV”-и Ҳиндустон даҳҳо миллион нафар тамошо карданд. Дар ин бора модари Меҳринигор Адибаи Рустам аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба мухбири  АМИТ “Ховар ” хабар дод.

Ба иттилои модари сароянда, ҳунарнамоии Меҳринигор дар озмуни «Rising Star” — сабқати овозхонҳои ҷавони Ҳиндустон ҳам ҳайати ҳакамон ва ҳам тамошобинони ҳиндиро ба ваҷд овард.

Қобили зикр аст, ки Меҳринигор аллакай аз ду даври озмун гузашт ва ба даври навбатӣ омодагӣ мебинад. Мавриди зикр аст, ки  «Rising Star” як сабқати байналмилалии мусиқист, ки имсол  мавсими дуюми он гузаронида шуд. Ин сабқат, ки  дар Ҳиндустон асосан дар байни овозхонҳои ҳиндӣ гузаронида мешавад,  бори аввал моҳи феврали соли 2017  доир гардида буд.

Меҳринигори Рустам  14 октябри соли 1994 ба дунё омада, дар Мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нозукиҳои мусиқиро омӯхтааст ва узви ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Меҳринигор соли 2003, вақте ҳамагӣ 9 сол дошт, Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Чӯҷаи заррин”-ро ба даст оварда буд.  Ӯ соли 2005  барандаи ҷашнвораи таронаҳои мардумӣ дар шаҳри Кӯлоб ва соли 2006 соҳиби ҷои аввал ва медали тиллои Бозиҳои Делфӣ дар Алма-Ато шуд. Меҳринигори Рустам соли 2007, дар 13-солагиаш аллакай ду  албоми  аввали таронаҳояшро бо номҳои «Тоҷикистон” ва «Шодиёна” нашр кард.

Февраль 7, 2018 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад