Мирзоалӣ Комил раиси Федератсияи гӯштини Тоҷикистон интихоб шуд

Февраль 27, 2018 14:04

ДУШАНБЕ, 27.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  22 феврали соли равон дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Федератсияи гӯштини Тоҷикистон (тарзи озод, юнонӣ-румӣ, гӯштини тоторӣ) баргузор ва Мирзоалӣ Комил раиси федератсия интихоб шуд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар кори ҷаласа вакилон, ҳамчунин меҳмонон – Аҳтам Абдуллозода, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва Муҳаммадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа аризаи истеъфои раиси федератсия Музаффар Ҳукматуллоев баррасӣ шуд. Бо овоздиҳии вакилон сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан» Мирзоалӣ Комил барои давраи то соли 2022 раиси Федератсияи гӯштини Тоҷикистон интихоб гардид.

Мавсуф барои боварӣ ба вакилони ҷаласа изҳори сипос карда, иброз дошт, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа барои рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард.

Аҳтам Абдуллозода ба Мирзоалӣ Комил дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият муваффақият хоста, иброз дошт, ки Кумитаи миллии олимпӣ барои беҳбудии кор то ҳадди имкон ба федератсия кумак мерасонад.

 

 

Февраль 27, 2018 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд