МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ: Ноиби ректор бо пора дастгир гардид

Февраль 9, 2018 15:39

ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ноиби ректор  оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ки барои гирифтани пора дар ҳаҷми 3600 доллар гумонбар мешавад, хабар додааст.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 57-солаи зодаи шаҳри Панҷакент, шаҳрванди Федератсияи Россия, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри мазкур, дар вазифаи ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент кор карда, дидаю дониста, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Панҷакент пас аз хатми мактаби миёна дар ягон муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла, дар ҳудуди Федератсияи Россия таҳсил накардааст, барои аз Донишкадаи Давлатии Омӯзгории шаҳри Омски ФР дастрас намудани маълумотномаи қалбакӣ, ки гӯё ӯ 3 соли охир дар он ҷо таҳсил кардааст ва сипас, дар асоси ин маълумотнома барои якбора ба бахши 4-уми Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент дохил кардани ӯ  3600 доллари амрикоӣ ҳамчун пора талаб кардааст.

Номбурда 8 феврали соли 2018, дар утоқи кориаш дар вақти гирифтани пора ба маблағи 3600 доллар аз марди мазкур аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

 

Февраль 9, 2018 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд