Мутобиқшавӣ ба ҷараёни тағйирёбии иқлим барои олимони тоҷик зарурати тағйир додани самти корҳои илмию амалиро пеш овардааст

Февраль 20, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Олимони набототшиноси  тоҷик дар ҳудуди мамлакатамон беш аз 23 ҳазор намудҳои набототу ҳайвонотро маълум намудаанд, ки ин захираи бойи генетикии мамлакат ба шумор рафта, асоси ба даст овардани маводи ғизоӣ, истеъмолӣ, табобатӣ ва либосвории мардум мебошад. Вале бо тағйир ёфтани иқлим бисёре аз намудҳои нодири ин захираҳои генетикӣ метавонанд аз байн  раванд. Ин матлабро доктори илмҳои кишоварзӣ  Қурбоналӣ  ПАРТОЕВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Ба андешаи ин олими тоҷик, ҳифзи захираҳои  генетикӣ ва пиряхҳои мамлакатамон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз боқӣ мемонад. Бояд зикр намуд, ки коста гаштани захираҳои обӣ хатари аз байн рафтани гуногунии биологиро пеш меорад. Аз ин лиҳоз, масъалаҳои нигоҳдории захираи пиряхҳо ва гуногунии биологӣ бо ҳам зич алоқаманд буда, зарур аст, ки оид ба нигоҳдории ин ду омили пешрафти иқтисодиёти минбаъдаи давлатамон  тамоми имкониятҳоро сафарбар намоем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои охир ҷаҳониёнро масъалаи глобалии тағйирёбии иқлим дар кураи Замин ба ташвиш овардааст. Таҳлили маълумоти мавҷуда нишон медиҳад, ки тағйирёбии иқлим ба вайроншавии ҳолати кунунии экосистемаҳо, аз байн рафтани пиряхҳо ва гуногунии биологӣ, афзоиш ёфтани касалиҳо ва зараррасонҳои зироати кишоварзӣ, коҳиш ёфтани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва сатҳи иқтисодиёти кишварҳо вобаста мебошад. Таҳлили омӯзишҳои олимони ҷаҳон нишон медиҳад, ки то охири асри 21 ҳарорати миёнаи ҳавои кураи Замин аз  30С то 50С баланд мегардад. Мувофиқи маълумоти илмӣ, дар  Осиёи Марказӣ низ ҳарорати ҳаво баланд гашта, шӯршавии хок ва паст гаштани ҳосилнокии зироат  мушоҳида мегардад. То охири асри 21 давом ёфтани ин раванд аз эҳтимол дур нест.

Мутаассифона, таъсири тағйирёбии иқлим дар ҳудуди кишварҳои Осиё Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ мушоҳида мегардад. Бояд зикр намуд, ки яке аз мушкилоте, ки дар натиҷаи баланд гаштани ҳарорати ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меояд, ин обшавии пиряхҳо ва кам гаштани захираҳои обии Осиёи Марказӣ мебошад.

Қурбоналӣ Партоев мегӯяд, дар чунин ҳолат, пеш аз ҳама, бояд ҷангалзор, дарахтзору буттазор ва алафзор дар минтақаҳои баландкӯҳи мамлакат афзоиш дода шуда, эрозияи кӯҳистон боз дошта шавад. Вале, ҳоло хеле зиёд гаштани саршумори чорво дар минтақаи кӯҳистон сабаби сол то сол аз байн рафтани алафу гиёҳҳои шифоӣ ва буттаҳо гардидааст, ки онҳо асоси аз эрозия нигоҳ доштани кӯҳистон мебошанд, Бинобар ин, хуб мешуд, ки миёни мардум ба ҷои истеъмоли гӯшти чорво, истеъмоли меваҷоту сабзавот, лӯбиёгиҳо ва гиёҳҳои ғизоию табобатӣ ба роҳ монда шавад. Махсусан ба воситаи кишти зироати лӯбиёгиҳо миқдори зарурии сафедаҳо ҳамчун маводи ғизоӣ ва қабати ҳосилхези замин  нигоҳ дошта мешаванд.

Бино ба гуфтаи номбурда, ҷараёни мураккаби мутобиқшавӣ ба ҷараёни тағйирёбии иқлим дар назди олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тағйир додани самти корҳои илмию амалиро пеш овардааст. Бахусус, тағйирот дар корҳои тадқиқотӣ дар бахшҳои генетика, селексия, физиология, биохимия, биотехнология ва дигар самтҳои илм омӯзиши ҷараёни мутобиқшавии набототро ба миён овардааст. Инчунин масъалаҳои омӯзиши мутобиқшавии растаниҳо ба шароити тағйирёбии иқлим, баҳодиҳии устувории растаниҳо ба норасоии намии хок, шӯрии баланди хок, ҳарорати баланди ҳаво ва ғайраҳо бояд дар мадди аввали корҳои илмии минбаъдаи олимон қарор дошта бошанд. Аз олимони соҳа тақозо карда мешавад, ки ҳарчи тезтар ба даст овардани навъҳои ба ҳарорати баланди ҳаво тобовар, тезпаз, серҳосил ва кам сарфкунандаи обро ихтироъ намоянд. Дар ин корҳои илмию эҷодӣ бояд аз дастовардҳои чунин илмҳои муосири замонавӣ, аз қабили генетика, биотехнология ва биохимияи муосир самаранок истифода бурда шавад. Дар ин раванд махсусан ҳамкории нави илмиро бо дигар олимони давлатҳои дунё бояд ба роҳ монд.

Аз тарафи дигар, зикр намуд Қурбоналӣ Партоев, зарур аст, ки корҳои селексионӣ ва тухмипарварии зироати кишоварзӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи мамлакат минбаъд ба роҳ монда шаванд ва дар ин мавзеъҳо навъҳои нави растаниҳо бояд ба даст оварда шаванд. Чунки дар оянда метавон дар минтақаи кӯҳии мамлакат истеҳсолотро тақвият бахшида, баҳри таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ  заминаи боэътимод гузошт.

Мувофиқи маълумоти обуҳавосанҷон, дар оянда дар Осиёи Марказӣ ва инчунин дар Тоҷикистон эҳтимолияти баланд гаштани ҳарорати миёнаи ҳаво ва дар ин замина ба амал омадани хушксолӣ дар назар аст. Дар робита ба ин вазъ, донишманди тоҷик иброз намуд, ки раванди ҳолати кунунии иқлим дар Тоҷикистон онро тақозо менамояд, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат эълон намудани маъракаи захирасозии намии хок ба роҳ монда шавад. Кишоварзону деҳқонон бояд дар тамоми заминҳои кишоварзӣ, алалхусус дар қисми водии ҷумҳурӣ ба гузаронидани обмонии захиравӣ ва дар минтақаҳои кӯҳистон гузаронидани яхобмонӣ ва минбаъд гузаронидани обмониҳои захиравиро оммавӣ гардонанд.

Моҳи марти соли равон дар тамоми дунё ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 оғоз мегардад. Бояд мардуми шарифи тоҷик ташаббускори самаранок истифода бурдани ҳар як қатраи об бошад. Барои ин аз ҳоло бояд корҳои захира намудани об дар заминҳои кишоварзӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии обмонии қатрагӣ дар бахши кишоварзӣ бештар ба роҳ монда шаванд. Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии мамлакат зарур аст, ки деҳқонон, ҷангалпарварону чорводорон баҳри дар назди дарахтони кӯҳӣ,  майдонҳои ҷангалу дарахтзор яхобмонӣ ва обмонии захиравиро ба роҳ монанд.  Деҳқонон дар вақти шинондани ниҳолҳо бояд дар бехи  ҳар ниҳол аввал 10-15 литр об рехта, поруҳои органикии пӯсидаро ба миқдори 1-2 кг андохта, сипас ниҳолҳоро шинонанд. Гирди ниҳолҳоро дар чуқурии 20-30 см нарм намуда, бояд онҳоро бо ҳалқашаклҳои аз хоку санг  сохташудаи обнигоҳдор таъмин намоянд, то оби борон дар он захира гардад ва намӣ нигоҳ дошта шавад. Инчунин метавон дар назди танаи дарахтон коҳмайдаҳо, баргу пасмондаҳои коҳҳои аз чорво монда, пору, баргҳои дарахтон, плёнкаҳо ва хокистар  ҷойгир намуд, то намии хок дер боз нигоҳ дошта шавад.   Инчунин дар истеҳсолот ҷорӣ намудани тухмиҳои навъҳои зироати кишоварзӣ, ки дар давраи нашъу намояшон ба об нисбатан камталаб мебошанд, бояд васеъ ба роҳ монда шавад.

Ёдовар мешавем, ки олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир навъҳои нави картошка, ба монанди «Тоҷикистон», «Файзобод», «Рашт», «Академияи илмҳо-1», навъҳои нави пахта-«Шавкат-80», «Истиқлол», намунаҳои ояндадори гандуму лӯбиёгиҳо, топинамбуру батат ва хӯроки чорворо ба даст овардаанд, ки онҳо нисбат ба дигар навъҳо ба об нисбатан камталаб буда, ба касалиҳо устувор ва серҳосил мебошанд.  Олими тоҷик тавсия медиҳад, ки дар сурати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани чунин навъҳо метавон дар оянда харҷи обро хеле кам намуда, истеҳсоли маводи заруриро зиёд намуд.

Ҳамин тариқ, барои мутобиқ гаштан ба тағйирёбии глобалии иқлим ва паст намудани таъсири он ба соҳаи кишоварзӣ, олимони тоҷикро зарур аст, ки дурнамои тадқиқоти илмиро тағйир дода, баҳри ба даст овардани навъу тухмиҳои нави ояндадори зироати кишоварзӣ, ки аломатҳои наслии тезпазӣ, устуворӣ ба касаливу шӯрии хок, камталабӣ ба об  ва серҳосилиро доро мебошанд,   ба ҷустуҷӯи илмӣ тақвият бахшанд.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд