Нақшаи генералии шаҳри Турсунзода барои 100 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ гардидааст-бардошт аз нишасти матбуотӣ
ТУРСУНЗОДА, 09.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нишасти матбуотии имрӯза дар шаҳри Турсунзода нахуст аз тамошои наворҳои ҷолиб оид ба дастовардҳои соли сипаригардида шурўъ гардид. Аҳли толор баргузории чунин нишасти матбуотиро дар сатҳу сифати нав хуш пазируфтанд.
Дар навор ширкати Пешвои миллат дар ҷашни байналмилалии Наврӯз, маросими мавриди истифода қарор гирифтани иншооти гуногун, дастовардҳои корхонаҳои саноатии шаҳр ва натиҷаи маҳсули дастони кишоварзон намоиш дода шуд.
Сипас, дар назди доираи васеи хабарнигорон муовини аввали раиси шаҳр Парвиз Акрамзода, муовинони раиси шаҳр Ғафурҷон Собирзода, Солеҳамоҳ Холова ва Ҳамдам Долизода доир ба соҳаҳои саноат, иқтисодиёт, рушди иҷтимоӣ ва соҳаи кишоварзӣ маълумот доданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки деҳқонон соли гузашта панҷ ҳазору ҳаштод тонна пахта, бист ҳазору дусаду сию чор тонна ангур ва сию се тонна асал истеҳсол карданд. Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ фаъолияти пурсамар доштанд.
Дар соли сипаригардида нақшаи нави генералии шаҳри Турсунзода бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Нақшаи генералии шаҳр барои 100 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ гардида, дар доираи он сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна, бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, сохтмони пояи Парчами давлатӣ, Нишон ва як қатор иншооти иҷтимоӣ ва саноатӣ пешбинӣ гардидааст.








Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






