Насим Олимзода: «Барои тадбирҳои зиддисилӣ 20 миллион сомонӣ масраф карда шуд»

Февраль 9, 2018 12:25

ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 барои маъракаҳои зиддисилӣ зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетию инвеститсионӣ барои харидории доруворӣ, асбобу таҷҳизот ва омӯзиши мутахассисон масраф карда шудаанд. Ин нуктаро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон баён намуд.

Зикр шуд, ки   соли сипаригардида аз ҷониби гурӯҳи бонуфузи коршиносони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҷараёни татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мавриди омўзиш қарор гирифта, натиҷаи он ҳамчун намунаи ибратбахши  амалисозии барномаҳои миллӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид.

Бо иттилои Н.Олимзода,  яке аз чораҳои ҳатмии пешгирии бемориҳои бо ваксина идорашаванда-ин таъминот бо ваксина мебошад, ки дар ин самт як катор мушкилот ҷиҳати дарёфти маблағҳо барои хариди ваксинаҳо вуҷуд доштанд. Соли 2017 ин мушкилиҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия тавассути ҷалби гранти нав ба маблағи зиёда аз 9 миллион доллари амрикоӣ ҳалли худро ёфтанд.

 

 

 

Февраль 9, 2018 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд