ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон барф меборад

Февраль 3, 2018 09:23

ДУШАНБЕ, 03.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст.

Имрӯз, 3 феврал боридани барфи зиёд дар тамоми қаламрами Тоҷикистон дар назар дошта шуда, эҳтимол  ҳаво то 10 дараҷа сард гардад. Дар ин рӯз дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, давоми рӯз боридани барф пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барф дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 23-28 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, рӯзона ва шабона барф борида, фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона ва рӯзона барф меборад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

 

 

 

Февраль 3, 2018 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад