ҶОМИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ– БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН!

Февраль 5, 2018 17:10

ДУШАНБЕ, 05.02.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими бошукӯҳи истиқболи Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки онро футболбози маъруфи ҷаҳон, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, қаҳрамони дукаратаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, собиқ нимҳимоятгари машҳури мунтахаби Франсия Кристиан Карамбе ба Душанбе овард, доир гардид. Маҳз ӯ Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018-ро ҳамроҳӣ мекунад. Ӯро Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешвоз гирифта, тамоми мухлисони футборо бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик намуд.

Ҷоми мазкурро инчунин намояндагони ФИФА ва «Coca Cola» ҳамроҳӣ намуданд. Сипас ин «меҳмон»-и ғайриоддӣ  ба «Кохи Борбад» интиқол дода шуд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев,  барои дидани ҷоизаи  асосии Чемпионатьи ҷаҳон оид ба футбол қариб 2 ҳазор мухлисони ин намуди варзиш дар назди «Кохи Борбад» ҷамъ омадаанд.

Ин лаҳзаҳо бо иштироки намояндагони Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Coca Cola» барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ҷараён дорад.

Ҷоми  Чемпионати ҷаҳон  ба Тоҷикистон аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон омад.

Фардо ин Ҷом ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бурда мешавад.

Бино ба иттилои намояндаи ширкати «Coca Cola» дар Тоҷикистон Аскар Маратов,  бо сабаби  зиёд будани хоҳишмандони иштирок дар чорабиниҳо ширкати «Coca Cola»  озмун доир кард. Барои гирифтани  чипта хоҳишмандонро лозим аст, ки  3  бутал «Coca Cola»-и якунимлитраро аз супермаркетҳои пойтахт -«Пайкар Плаза», «Пайкар», «Пойтахт», «Арзанда», «Рӯдакӣ Плаза», «Европа», «Сабад», «Шоҳона», «Ёвар» (Ҳаёти нав), «Ёвар» (диагностика), «Ёвар»-5 харидорӣ карда, бо пешниҳоди чек    аз касса чипта дастрас наоянд.

Февраль 5, 2018 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад