ҚОНУНИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАТБИҚ МЕШАВАД. Дар шаҳри Истиқлол 49 синфхонаи таълим бо забони тоҷикӣ кушода шуд

Февраль 8, 2018 09:57

ХУҶАНД, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол дар самти дастгирии маорифчиёни шаҳр ва ҳамзамон фароҳам овардани шароити мусоид ба хонандагони муассисаҳои томактабиву мактабҳои миёнаи умумӣ дар самти таълиму тадрис тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Яке аз ин тадбирҳо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Дар ин замина баҳри ташкили синфхонаҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ ва азхудкунии забони давлатӣ дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ  корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» масъулин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол иттилоъ доданд, то имрӯз дар панҷ муассисаи таҳсилоти умумии шаҳр, ки таҳсилашон бо забони ғайридавлатӣ мебошад, 49 адад синфхонаҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ ташкил карда шуданд. Инчунин Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дар миқёси шаҳр пурра иҷро гардида, имрӯз аз рӯи тақсимот дар макотиби шаҳр ба 5 нафар хонанда 1 компютер рост меояд.

Соли 2017 аз 95 нафар хонандагоне, ки ҳуҷҷатҳои худро тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат супориданд, 67 нафарашон сазовори номи донишҷӯӣ гардида, 10 нафар дигар тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шуданд. Теъдоди гирандагони идрорпулӣ низ нисбат ба соли гузашта 10 адад зиёд гардида, 35 нафарро ташкил дод.

Варзишгарҷавонони шаҳр низ дар 23 мусобиқаи гуногуни вилоятиву ҷумҳурӣ иштирок намуда, сазовори 146 медал, аз ҷумла, 48 медали тилло, 43 нуқра ва 55 адад биринҷӣ гардиданд.

Февраль 8, 2018 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар