ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАВОНОН ЭЪТИМОДИ КОМИЛ ДОРАНД. 23,7 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як сол теъдоди зиёди ҷавононро дар ҳайати роҳбарикунанда ба кор қабул намуд. Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба андешаи номбурда, яке аз ҳадафҳои асосии Соли ҷавонон бо ҷои кор ва мансабҳои баланд таъмин намудани ҷавонон буд. Дар ин сол аксари ҷавонон ба сифати муовинони раиси кумитаву идораҳо, сардорони шуъбаву раёсатҳо ва ҳатто раисони ноҳия таъин шуданд.
«Тибқи маълумоти оморӣ, соли гузашта 8 ҳазору 525 нафар ҷавонон ба хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд, ки ин 44, 8 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки аз ин шумора 5 ҳазору 670 нафар дар сатҳи роҳбарикунанда ба кор қабул гардиданд, ки ин 23,7 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи сатҳи ҷумҳуриро ташкил медиҳад»,- иброз дошт раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз масъалаи бо кор таъмин намудани ҷавонон ва самти болоравии мансабии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки кори тамоми мақомоти давлатӣ ба шумор меравад. Ҳоло дар назди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддат ва яксолаи такмили ихтисос барои магистрантон роҳандозӣ шудаанд. Қабл аз баргузории давраи такмили ихтисос шартномаи сетарафаи корманд, Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва корхонае, ки корманд дар онҷо кор мекунад, ба имзо расонида мешавад. Яке аз шартҳои асосии шартнома он аст, ки баъд аз ба итмом расонидани магистратура ташкилоти корфармо бояд кормандро бо мансаби баланд таъмин намояд.
Ба гуфтаи Аҳтам Абдуллозода, дар давоми як соли такмили ихтисос дар магистратура мутахассиси ҷавон бо стипендия таъмин карда шуда, маоши ҳармоҳаи ӯ низ аз ҷониби ташкилоти корфармо пардохт карда мешавад. Инчунин хизматчиёни давлатие, ки аз манзил танқисӣ доранд, бо манзили хизматӣ таъмин мешаванд.
«Имрӯз бархе аз раисони шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба ҷавонон боварӣ дорад ва таъйин гардидани онҳо ба ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда аз нигоҳи фаъолияти пурмасъул ва ҳам дониши фарох доштанашон самараи хуб медиҳад»,- зикр намуд А.Абдуллозода.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»






