Рамазон Раҳимзода: «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пойгоҳи асосии зарурӣ ташкил шудаанд»

Февраль 23, 2018 10:34

ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар  Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ин Вазорат хабар доданд, дар ҷамъомад сардорони Раёсат, собиқадорон, ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ, ҷузъу томҳои ВКД ва меҳмонон иштирок доштанд.

Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки ин солҳо барои Артиши миллии Тоҷикистон давраи талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои дерин буд. «Дар ин рӯзи таърихӣ ёдовар шудан бамаврид аст, ки Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ — дар як давраи бениҳоят вазнин ва таърихӣ, яъне дар шароите таъсис ёфтанд, ки ояндаи давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Он чӣ аз замони Шўравӣ боқӣ монда буд, қудрат ва тавоноии ҳимояи як давлату миллати мустақилро надошт, зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба ҳиссаи меросии худ – силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфрасохтори низомӣ соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ, яъне бе пойгоҳи асосии зарурӣ ташкил карда шуд»,-иброз дошт Рамазон Раҳимзода.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз нақши намоёни Пешвои миллат дар ташкили Артиши миллӣ сухан гуфта, зикр кард, ки Сарвари давлат ба садоқату ирода ва ҳисси ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ итминони комил доранд ва ҳамеша таъкид менамоянд, ки «шубҳае нест, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ, минбаъд низ дар ҳифзи амнияти давлат ва таъмини сулҳу субот, зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи неру ва донишу малакаи худро сарф менамоянд ва ба халқу Ватани худ чун фарзандони бонангу номус содиқонаву софдилона хизмат мекунанд».

Фаромӯш набояд сохт, ки баҳри сулҳу субот, оромиву осоиштагии давлату миллат афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат,  бахусус кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар давраҳои мушкилу тақдирсоз аз худ далериву шуҷоатмандӣ, ҷасорату мардонагӣ нишон дода, зиёда аз 2000 нафар афсарону сарбозон ҷони худро нисор намудаанд.

Сипас, дар ҷараёни ҷамъомади идона як зумра афсарону сарбозони Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо «Раҳматнома», «Ифтихорномаи фахрӣ», нишони сарисинагии «Барои хизматҳои аъло дар ВКД», медали «Барои хизматҳои шоён дараҷаи 3», рутбаҳои навбатӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Февраль 23, 2018 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»