Рустам Назарзода: «Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 883 ҳолат ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуданд»
ДУШАНБЕ, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои нисбатан муҳими фаъолияти Кумита ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аст. Наҷотдиҳандагони Кумита 654 маротиба дар амалиёти наҷот иштирок намуда, дар натиҷа 203 нафарро наҷот доданд, ки аз инҳо 75 нафар афроде буданд, ки дар об ғарқ мешуданд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода дар Маркази матбуотии «Ховар» ба хабарнигорон иброз намуд.
Ба гуфтаи Рустам Назарзода, таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ нишон дод, ки соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ асосан офатҳои табиӣ- заминларза, фаромадани тарма, ярч, 5 маротиба боридани барфи аз меъёри муқарраргардида зиёд, боронҳои пай дар пай, омадани сел, обхезӣ ва сангреза ба қайд гирифта шуданд. «Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 883 ҳолат ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз инҳо 720 ҳолати тармафароӣ, 41 ҳолати омадани сел, 32 ҳолати баландшавии сатҳи оби дарёҳо, 23 ҳолати фаромадани ярч, 33 ҳолати заминларза, 21 ҳолати Сангреза (кӯҳпора) ва 13 ҳолати вазидани шамолҳои сахт мебошанд».
Ба иловаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳодисаҳои табиии ба қайд гирифташуда 56 ададашон ба хоҷагии халқ зарари моддӣ ва маънавӣ расонида, бар асари онҳо 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






