Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Беларус мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврали соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Бондар Юрий Павлович баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили марбут ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Беларусро дар соҳаҳои фарҳанг, аз ҷумла, масъалаҳои баргузории рӯзҳои миллии фарҳангӣ дар қаламрави ду давлат, ташкили мубодилаи театрҳо, гурӯҳҳои мусиқӣ, намоишҳои санъат ва инчунин тақвият додани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъатро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар баробари ин, дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва баргузор намудани Рӯзҳои фарҳангии Беларус дар Тоҷикистон соли 2018 муҳокима гардиданд.








Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






