Шумораи донорҳои хунсупор дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон меафзояд
ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2017 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и шаҳри Бохтар ва намояндагиҳои муассисаи мазкур дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 4 ҳазору 204 нафар донорҳои хунсупор ва плазмасупор ба қайд гирифта шудаанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2016 15% зиёд мебошад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, танҳо таи як ҳафтаи охир дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 186 нафар донори хун ва плазмасупор ба қайд гирифта шудаанд.
Ба иттилои расида, аз донорони бақайдгирифташуда ба миқдори зиёда аз 98 литр маводи хун гирифта шуда, он барои кумаки фаврӣ ба беморони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дода мешавад.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» дар ҷумҳурӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






