Соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 млрд сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 дар ҷумҳурӣ 169 адад корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо 2880 адад ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шуданд. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба доираи васеи рӯзноманигорон баён дошта шуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа дар ин давра 5,2 млрд. сомонӣ, аз ҷумла, ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат 3,6 млрд. сомониро ташкил дод. Ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ имкон фароҳам овард, ки дар маҷмӯъ шумораи кормандони соҳа ба 9626 нафар расида, музди миёнаи коргарон 3148 сомониро ташкил диҳад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 20 млрд сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2016 121,3% афзоиш ёфта, соли 2017 ба 4,9 млрд сомонӣ баробар шуд.
Изҳор карда шуд, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ имконият фароҳам овард, ки соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба нишондиҳандаи Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017, ки ба маблағи 16 млрд 866,4 млн сомонӣ пешбинӣ гардида буд, 118,6% ва ё 3 млрд 135,1 млн сомонӣ барзиёд иҷро карда шавад.








Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






