Соли гузашта 31 ҳазор нафар сайёҳу истироҳаткунандагон аз «Баҳри тоҷик» дидан намуданд

Февраль 6, 2018 10:55

ХУҶАНД, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳамроҳ бо Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва соҳибкорони шаҳр кӯшиш доранд, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ ва дӯкону растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои халқиро бештар намоянд. Ин амал ҷиҳати  фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид ва  ҷавобгӯ ба талаботи сайёҳӣ роҳандозӣ гардидааст.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», дар шаҳри Гулистон ва истироҳатгоҳҳои он дар лаби «Баҳри тоҷик» тамоми имкониятҳо барои истироҳату табобати меҳмонону сайёҳон фароҳам оварда шудаанд.

Танҳо давоми соли 2017 ба минтақаҳои истироҳатию фароғатии шаҳр  расман 30 ҳазору 723 нафар меҳмонон ташриф оварданд, ки аз онҳо 3823  нафар меҳмонони хориҷӣ (нисбати соли 2016 — 700 нафар зиёд) ва 26 ҳазору 900 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ мебошанд.

Соли 2017 даромади маблағ аз ташрифи сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ба ин шаҳр 32 миллиону 624,9 ҳазор сомониро ташкил дод.

Айни ҳол дар шаҳр 4 меҳмонхона  фаъолият дошта, ҳамчунин дар осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил», лагери «Шоҳин» ва маркази хизматрасонии «Усмонҷон» дар як вақт имкони қабули 1100 нафар истироҳаткунандагону табобатгирандагон мавҷуд аст.

Февраль 6, 2018 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид