Соли гузашта шаш ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёрати ҳаҷ карданд
ДУШАНБЕ, 5.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими ҳаҷи соли сипаригардида тавассути Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карданд. Ин нуктаро имрӯз, 5 феврал раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор гардид, иброз дошт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар нишасти мазкур зикр гардид, ки зимни сафар ба ҳоҷиён ҳайати гурӯҳи корӣ — табибон ва роҳбаладон хизмат расониданд.
«Нархномаи ягонаи сафари ҳаҷ дар мавсими соли 2017 барои як нафар ҳаҷраванда дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирам муқаррар карда шуда, пардохти маблағҳои ҳаҷравандагон дар шуъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд», — илова намуд Сулаймон Давлатзода.
Маврид ба зикри хос аст, ки Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои интихоби роҳбаладон озмун эълон менамояд. Дар робита ба ин Сулаймон Давлатзода гуфт: «Соли гузашта озмуни интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2017» баргузор карда шуда, роҳбаладон интихоб гардиданд».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






