Сооронбой Жээнбеков дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон соядаст гузошт

Февраль 2, 2018 12:39

ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба хотири ошноии бештар  пайдо кардан дар бораи таърих ва маданияти миллати тоҷик аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд.

Дар Осорхонаи миллӣ ба меҳмони олиқадр ва ҳамроҳони ӯ нигораҳо ва дигар ашёи нодири таърихӣ, ки   баёнгари тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷиканд, нишон дода шуд. Тамошои Осорхона аз  ошёнаи 1-ум, ки дар он  нигораҳои таърихи бостон ва асрҳои миёна ҷойгиранд, оғоз гардид. Дар ин ҷо меҳмонон      оид ба бозёфтҳои мансуби асри санг дар Тоҷикистон, деҳшаҳри Саразм, фарҳанги зардуштӣ, давлатдории Ҳахоманишҳо ва замони юнону бохтариҳо, Кушониҳо, Сосониён, Ҳайтолиён ва Панҷакенти қадим маълумот гирифтанд. Дар ин толор   ҳозирин ба ёдгориҳои аз Панҷакенти қадим бозёфтгардида, аз қабили деворнигораҳо, муҷассамаи сӯхтаи духтари раққоса, зарфҳои сафолӣ, порчаҳои сафолии тамғадор, ки осори мазкур аз гузаштаи пурифтихори ин маркази тамаддуни тоҷикон, ки дар олам бо номи “Помпеи Шарқ” маъруф аст, тавҷҷуҳи бештар заҳир намуданд.

Дар ошёнаи дуюми Осорхонаи миллӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо ёдгориҳои таърихии замони Сомониён шинос шуданд. Меҳмонон оид ба ёдгориҳои аз қалъаи Ҳулбук ёфтшуда, намунаҳои сафолгарии мунаққашу катибадори асри Х, меҳроби чӯбии Искодар, кандакории болочӯбии болооби Зарафшон, намунаи матоъпораҳо аз Бозордара, лавозимоти ҳарбии асрҳои XI-XVI, кошиҳо ва намунаҳои хушнависии аҷдодони тоҷикон дар санг, зарфҳои мисӣ ва коғаз маълумот пайдо карданд.

Дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин меҳмонон  бо ёдгориҳо ва нигораҳо оид ба ҳаёти Тоҷикистони замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, аз қабили сохтмони роҳҳо, нақбҳо, бунёди иншооти замонавӣ  ошно шуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Тоҷикистон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни мардуми точик ва Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тухфаҳои хотиравӣ супорид.

Дар охир Президенти  Ҷумҳурии Қирғизистон    Сооронбой Жээнбеков дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон соядаст гузошт.

Февраль 2, 2018 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ