Сумангул Тағойзода: «Ба 577 нафар корфармоён барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи меҳнат ҷаримаи маъмурӣ таъйин гардид»
ДУШАНБЕ, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 декабри соли 2017 музди миёнаи меҳнат 1135,16 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 195,5 сомонӣ ва ё 20,8 фоиз зиёд шудааст. Ин нуктаро имрӯз, 6 феврал Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор гардид, иброз дошт.
Сумангул Тағойзода зикр кард, ки соли 2017 Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияти 2559 адад субъектҳои хоҷагидори ҷумҳуриро мавриди санҷиш қарор дода, дар натиҷаи он 9050 адад қонунвайронкуниҳо ошкор гардиданд. Аз ин 6687 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1797 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 208 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 358 ҳолат ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ дахл доранд.
«Ба 577 нафар корфармоён ва дигар шахсони масъули корхонаю ташкилотҳо барои вайрон намудани қонунгузориҳои соҳаи меҳнат ҷаримаи маъмурӣ таъйин гардида, бо дахолати кормандони хадамоти мазкур дар натиҷаи санҷишҳо 125 миллиону 588 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт карда шуд», — иброз дошт вазир дар тақвияти гуфтаҳои мазкур.
Сумангул Тағойзода ҳамчунин иброз дошт, ки тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 49 ҳазору 207 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Ин нишондиҳанда 131,1 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9867 нафар ё 25,9 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






